Яке аз одатҳои кӯдакона он аст, ки кӯдак ҳар гоҳе афтад ё беморе шавад, ҳатман аз волидон талаби харидани ширинӣ ё бозичае мекунад. Дар чунин ҳолат волидон низ наметавонанд хоҳиши фарзандашонро рад кунанд ва барои ҳарчи зудтар иҷро намудани он ба наздиктарин мағоза сар мехалонанд.

Мутаассифона, бархе аз калонсолони мо ба як амали на он қадр хуб одат кардаанд, ки он ҳам бошад ба дасти кӯдак пул дода, чӣ харидану чӣ хӯрданашро ба худаш ҳавола мекунанд ё дар вақти харидорӣ намудани маҳсулоти хӯрока ба истеҳсол ва сифати мол диққат намедиҳанд. Ин бепарвоии волидон метавонад барои фарзандонашон дарди дигареро низ биорад. Гарчанде ин масъала дар мадди аввал хеле кӯчак менамояд, аммо дар асл гап сари саломатии истеъмолкунандагон, аз ҷумла кӯдакон меравад, ки организми онҳо наметавонад ба ҳар гуна беморӣ тобовар бошад.

Тибқи иттилои Агентии “Точикстандарт” соли равон 385 кило шириниҳои ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набуда ва мӯҳлати истифодаашон гузашта ошкор, мусодира ва нобуд карда шудааст, ки бо чунин ҳол савдогарон онҳоро ба фурӯш баровардаанд.

Тибқи мушоҳидаҳо, дар мағоза ва бозорҳо кам нафароне пайдо мешаванд, ки ҳангоми харидорӣ сифат ва ҳуҷҷати маҳсулотро аз савдогар пурсон шаванд. Ҳатто чунин одамон ба назар намерасанд гӯем ҳам, ғалат намекунем. Вале тавре иттилоъ дорем, маводҳои хӯрока, хусусан ғизо барои кӯдакон баъзан дар бозору мағозаҳо ва роҳравҳо ба фурӯш гузошта шуда, ба талаботи санитарию истеъмолӣ ҷавобгӯ нестанд.  

Мурод Ашӯров, котиби матбуоти Агентии “Тоҷикстандарт” низ ин масъаларо доғи ҷомеа номида, гуфт: “Тӯли се сол мешавад, ки бар зидди шириниҳои кӯдаконаи пастсифат ва ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набуда мубориза мебаранд, вале то ҳол онҳо бо роҳи қочоқ вориди Тоҷикистон мешаванд.

1/4

Ӯ илова мекунад:

- Чандин маротиба дар мағозаву бозорҳо рейд гузаронида шуд ва савдогаронро ҷарима баста, маҳсулоти фурӯхташударо аз муомилот гирифта несту нобуд намудем.

Ҳоло бошад, ба фурӯш баровардани “ҚАНДАКҲОИ ХИТОӢ”дар марказҳои савдо дида намешавад. Аммо дар назди боғча, мактабҳо ва роҳравҳо ба ном “савдогарон” онҳоро ба фурӯш мебароранд, ки бояд нозирони минтақавӣ назорат намоянд. Нафароне, ки дар роҳравҳо ба фурӯши шириниҳо барои кӯдакон машғуланд, расман савдогар ҳисобида намешаванд, чун ҳуҷҷати тасдиқунанда надоранд, андозу патент намесупоранд ва ғайриқонунӣ савдо мекунанд. Ва мо ҳуқуқи аз пеши худ гузаронидани санҷишро надорем, то он даме, ки аз Иттифоқи истеъмолкунандагон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мо муроҷиат накунанд.

Гуфта мешавад, ки савдои кӯчагӣ ба зиммаи нозирони минтақавӣ вогузор шудааст ва бояд барои ба фурӯш баровардани ин гуна маҳсулот иҷозат надиҳанд. Вале истеъмолкунандагон низ бояд фаъол бошанду аз ҳуқуқҳои худ ба қадри имкон бохабар бошанд. Ва худи волидон низ бояд дарк намоянд, ки харидорӣ намудани шириниҳои кӯдакона аз роҳравҳо метавонад ба саломатии фарзандашон таъсири бад расонад.

Аммо гап сари он аст, ки бештари волидоне, ки фарзанди онҳо чунин шириниҳои арзонро дастрас мекунанд ҳеҷ гоҳ на ба Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон ва на ба Агентии “Тоҷикстандарт” шикоят  намекунанд. Чун айб дар худи онҳост, ки барои фарзандашон ин гуна шириниро мехаранд. Ё бархе баҳона мекунанд, ки худаш рафта харид. Охир магар пулро шумо ба ӯ надодед? Магар то ҳол намедонед, ки як сомоние, ки барои ором кардани фарзандатон ба дасташ медиҳад, ӯ бояд чӣ бихарад? Ҳатман, ки “қандакҳои хитоӣ” мехарад. Волидони муҳтарам, магар шумо намебинед, ки ин маҳсулоти арзону пастсифат зери офтоби тафсон ва гарду хок хобида, ба саломатии фарзанди Шумо зарар мерасонад?

Ҳамчунин бояд гуфт, ки ташхиси Агентии “Тоҷикстандарт” нишон додаст, ки ин қандакҳо дар меъда ҳал нашуда, кӯдак метавонад бемор гардад. Ташхис муайян кардааст, ки чунин маҳсулот аз маводҳои кимиёвӣ ва рангкунандаҳо бой буда, дар вақти озмоиш ҳатто дар кислота об нашудааст. Ва хокаи дохили онҳо то ҳол муайян нест, ки чист. Ба гуфтаи мутахассисони “Тоҷикстандарт” ин гуна маҳсулот якбора вазъи саломатии кӯдакро бад накарда, дар ҳолати истеъмоли пай дар пай метавонад ба меъда ва ҷигари кӯдак зарар расонад.

Дар роҳравҳои назди бинои Сирки давлатӣ, ки чунин шириниҳо барои кӯдакон ба фурӯш гузошта шудаанд, мушоҳида кардем, ки модаре ба фарзандаш ба маблағи 2 сомонӣ аз якчандто шириниҳои зери офтоб буда харидорӣ кард. Зан дар суҳбат худро Малоҳат ном бурд ва сабаби харидорӣ намудани ин шириниҳоро дар арзон ва дастрас буданашон медонист. Вале аз чӣ бошад, ки сифати маҳсулот ӯро нигарон намекард ва гуфт: “ҳеҷ зарар надоранд ҳамин қандакҳо. Арзонанду доим ба кӯдаконам мехарам. Ҳамааш гап аст”.

1/5

Аммо табибон тавсия медиҳанд, ки волидон бояд дар харидорӣ намудани маҳсулоти хӯрокворӣ барои кӯдакон эҳтиёткор бошанд. Кӯдакон нозуканду ба ҳар беморӣ тоб оварда наметавонанд.

Гулнамо Оламова, духтури кӯдакона ва эҳёгари шӯъбаи наҷоти кӯдаконаи беморхонаи шаҳрии №5 низ бар ин аст, ки шириниҳои ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набуда ва мӯҳлати истифодаашон гузашта метавонанд ба саломатии кӯдакон зарар расонанд. Ба гуфтаи мавсуф, ҳангоми истеъмоли маҳсулоти мазкур кӯдакон метавонанд заҳролуд шаванд ё меъдаи онҳо ба ҳазм намудани он тоб намеорад ва ба беморие мубтало мегарданд. 

Табибон мегӯянд, агар волидон аҳамият дода бошанд, баъди истеъмоли ин маҳсулот кӯдакон баъзан беиштиҳо мегарданд ё дигар хӯрокҳои хӯрдаашонро дуруст ҳазм карда наметавонанд. Ҳамчунин имкон аст, ки ба бемории аллергия гирифтор шаванд.                              

Вале ҷаноби Ашӯров бар он аст, ки баъди таъсиси гурӯҳ дар шабакаи иҷтимоии Вайбер (988502222-раками вайбери Агентии “Тоҷикстандарт”) барои сокинон, шикояти истеъмолкунандагон ба 200 адад расидааст ва аризаи хаттӣ бошад, 87 ададро ташкил медиҳад, ки дар бораи шириниҳои пастсифати хитоӣ низ шикоятҳо ворид шудаанд.  

Вале савол ин аст, ки саводарони кӯчагӣ маҳсулоти мӯҳлати истифодааш гузаштаро аз куҷо дастарас мекунанд? Ашӯров гуфт, тафтишот муайян намуд, ки савдогарони кӯчагӣ ин маҳсулотро аз бозори “Фаровон” ва баъзан аз маркази савдои “Садбарг” дастрас мекунанд.

Тибқи қонуни ҶТ “Дар бораи ҳуқуқи ҳимояи истеъмолкунандагон”, давлат ба ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ додааст, ки аз ҳуқуқҳои худ ҳамчун истеъмолкунанда бархурдор бошад. Ҳангоми харидорӣ намудани мол (кор, хизматрасонӣ) истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад, бидонад, ки маҳсулоти харидааш ба ҳаёт, саломатӣ ва амволаш бехатар бошад.

Ба ҷойи хулоса метавон гуфт, ки бисёр хуб мешавад, агар мо, хусусан волидон дар муомилоти бозаргонӣ боэҳтиёт бошем ва ҳар он чизеро, ки барои кӯдаконамон харидорӣ менамоем, дониста ва фаҳмида харид кунем.