Боиси хушнудист, ки ҳамасола хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии мамлакат дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва медалҳо мегарданд.

Тавре Равшан Каримов, директори Муассисаи давлатии Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт иброз дошт, роҳҳои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии кӯдакони соҳибистеъдоду лаёқатманд гуногун мебошанд ва нақши олимпиада ва озмунҳои фаннию лоиҳавӣ дар ин ҷода хеле калон аст.

“Олимпиада яке аз роҳҳои маъмултарини дарёфти хонандагони лаёқатманд дар тамоми дунё ба шумор меравад, ки ҳамасола бо беҳтар кардани шароитҳои мусоид барои хонандагон гузаронида мешавад, - гуфт Р. Каримов. - Ҳадафи асосии он дарёфти истеъдод ё хонандаи боистеъдод аст. Ҳоло намудҳои зиёди олимпиадаҳо ташкил  ва баргузор карда мешаванд, ки тавассути он хонандагони болаёқатро пайдо мекунанд. Дар баробари олимпиадаи ҷумҳуриявӣ нақши олимпиадаҳои байналмилалӣ дар рушди давлат ва шинохти он, инчунин муаррифии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ калон аст”.

Воқеан, марказҳои рушди истеъдодҳо тарбияи насли наврасро маҳз дар заминаи тарбияи кӯдакони болаёқат раҳнамоӣ менамоянд. Инро мо дар мисоли фаъолияти пурсамари Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур ба хубӣ эҳсос намудем. Марказ дорои шароити мусоид барои таҳсилу фароғат ва сайқали донишу маҳорати хонандагон буда, ба толибилмон омӯзгорони ботаҷриба ва дорои тахассуси олии омӯзгорӣ аз фанҳои математика, физика, химия, биология забонҳои англисӣ, русӣ ва ғайраҳо дарс мегӯянд. Синфхонаҳо бо ашёҳои зарурии хониш муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Айни ҳол дар давраи таътили тобистона дар марказ хонандагон ба олимпиадаҳои байналмилалӣ омода карда мешаванд. Машғулиятҳо аз соати 8  то 17 давом мекунанд.

“Омода намудани хонандагон барои иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи баланд заҳмати зиёдро тақозо менамояд, - мегӯяд Равшан Каримов, ки дар равияи табиӣ-риёзӣ ба хонандагон таълим медиҳад – Масалан, дар иттиҳодияи таълимии математика хонандагони  болаёқати зиёд таҳсил мекунанд. Дар тӯли 6 моҳи соли 2019 толибилмони ин иттиҳодия 25 медал (5 медали тилло, 8 медали нуқра ва 12 биринҷӣ) ба даст оварданд. Айни ҳол дар давраи таътили тобистона толибилмони ин иттиҳодия ба олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ тайёрии ҷиддӣ дида истодаанд”.

Қурбонов Бурхвалӣ, Зиёратшои Абдурасул, Раҳимзода Фаридун ва амсоли инҳо аз зумраи шогирдони ин омӯзгори ботаҷриба ва хонандагони болаёқате мебошанд, ки борҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкат намудаву соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.

Қурбонов Бурхвалӣ, хонандаи синфи 8 литсеи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе мебошад, ки соли гузашта дар олимпиадаи байналмилалӣ дар Сингапур сазовори ҷои 3-юм ва медали биринҷӣ гардида буд ва имсол дар олимпиадаи байналмилалӣ дар кишвари Ҳиндустон ширкат намуда, соҳиби ҷои 1-ум ва ғолиби мутлақ эълон гардид. Дар олимпиадаи мазкур тақрибан 500 нафар хонандагон аз 15 давлати ҷаҳон иштирок доштанд. Бурхвалӣ муваффақияти худро марбут ба заҳмату талошҳои пайвастаи устодонаш медонад.  “Қабл аз ҳама миннатдории худро ба устодам Равшан Каримов мерасонам, -изҳор медорад Бурхвалӣ. -Маҳз бо дастгирӣ ва мадади чунин устодони ботаҷриба ва кордон мо, толибилмон, имкон пайдо мекунем, то дар чунин чорабиниҳои сатҳи баланд ширкат варзида, парчами кишвари худро баланд бардорем. Ман дар олимпиадаҳои зиёди фаннӣ дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол кардаам. Аммо вақте дар олимпиадаи байналмилалии Ҳиндустон сазовори медали тилло ва ғолиби мутлақ эълон шудам, маро ҳаяҷону изтироби азиме фаро гирифта буд. Ман аҳд карда будам, ки бе медали тилло барнагардам. Мақсад дорам, ки минбаъд низ дар чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилӣ ширкат варзида, парчами Ватани азизамро боло бардорам. Роҳи мо роҳи илму маърифат ва технологияи муосир, омӯзиши касбу ҳунар, роҳи озод, роҳи маънавият, бунёдкорӣ, навоварӣ ва созандагӣ аст”.

Тавре мутахассисон иброз медоранд, барои хонандагоне, ки бо мақсади иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ омода карда мешаванд, як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидааст. Хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ мегарданд, ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар соли хатми таҳсил (барои синфи 11) ба тариқи суҳбат қабул мешаванд. Имтиёзҳо ба хонандае, ки дар синфи 10 ғолибият ба даст меорад, баъди хатми синфи 11 ҳам кӯмак карда метавонанд.

Хонандагоне, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз 90 то 100 холро ба даст меоранд, бо туҳфа, медал, “Ифтихорнома” ва “Тавсиянома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз мегарданд ва ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ, дар сурати мувофиқат кардани фан ба ихтисос, тариқи суҳбат қабул карда мешаванд. Барои хонандагоне, ки сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд, ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар, дар сурати мувофиқат кардани фан ба ихтисос ва холҳои гузариши фанниро соҳиб шудан вобаста аз ҷойи ишғолнамудаашон мувофиқан 100 (ҷойи 1-ум), 75 (ҷойи 2-юм) ва 50 (ҷойи 3-юм) бал ба натиҷаи бадастоварда илова карда мешавад.

“Хонандагон ба фанҳои табиӣ-риёзӣ, забонҳои англисию русӣ, технологияи иттилоотӣ, барномасозӣ, ихтироъкорӣ зиёдтар шавқ доранд, ки ин хеле хуб аст, - гуфт дар идомаи суҳбат Р. Каримов. - Дар ҳоле ки мо дар замони рушди илму техника умр ба сар мебарем, огаҳӣ надоштан аз фанҳои дақиқ албатта ба салоҳи кор нест”.

Тавре масъулин иброз медоранд, аз аввали соли 2019 хонандагони кишвар дар 12 олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки дар Қазоқистон, Беларус, Тайланд, Русия, Малайзия, Руминия Италия, Ҳиндустон баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 176 медал, аз ҷумла 46 медали тилло, 42 медали нуқра ва 88 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42 медал зиёд мебошад.

Ғайр аз ин, хонандагон дар олимпиадаҳои лоиҳавӣ зиёд ширкат меварзанд. Онҳо бо ихтирои ҳар гуна ашёву техникаҳо соҳиби ҷойҳои намоён дар сатҳи ҷаҳонӣ мегарданд.

Лозим ба ёдоварист, ки айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ омӯзиши 12 фанҳои таълимӣ пешбинӣ гардидааст. Ва толибилмон дар муассисаҳои таълимӣ танҳо аз синфи 9 ба равияҳо ҷудо карда мешаванд.

Ба таъкиди мутахассисон агар ба равияҳо ҷудо намудани хонандагон на аз синфи 9, балки барвақттар, масалан аз синфи 5, ба роҳ монда шавад, боманфиат хоҳад буд, чунки барои як хонанда дар як вақт аз худ намудани ҳама фанҳо имконнопазир аст ва вақте онҳо аз синфҳои поёнӣ ба равияҳои алоҳида ҷудо шудаву тибқи барномаҳои махсус таълим дода мешаванд, аз онҳо мутахассисони варзидаи соҳаҳои алоҳидаро ба воя расонида метавонем. “Вақте хонанда 3 ё 4 фанро интихоб намуда, пурра ба омӯзиши амиқи ин фанҳо машғул шавад, дар соҳаи худ устувор ва муваффақ мешавад”, - мегӯяд Равшан Каримов.

Номбурда дар идомаи суҳбат иброз дошт, ки иштирок дар олимпиадаҳо ин аллакай интихоби касб аст. Яъне хонандагони болаёқат аллакай аз синну соли наврасӣ касби ояндаи худро, на бо тавсия ва роҳнамоии волидону устодон, балки худашон  мустақилона интихоб мекунанд. Чун онҳо аллакай дар ин ё он соҳа маълумот ва таҷрибаи кофӣ ба даст овардаанд.

Тавре аз суҳбат бо мутахассисони соҳа аён гардид, солҳои қабл аз нарасидани кадрҳои омӯзгорӣ, яъне мутахассисони ботаҷриба, танқисӣ мекашиданд. Ҳамчунин, дар даврони пеш аз соҳибистиқлолӣ барои дарёфти ҷавонони боистеъдод аз ҳар гӯшаю канори кишвар мушкилот зиёд буд. Аммо бо ташаббуси Ҳукумати кишвар ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ин мушкилот қариб ки пурра аз байн рафтаанд. Айни замон муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо омӯзгорони ботаҷриба таъминанд. Аммо дар марказҳои дигар шаҳру ноҳияҳо таъминот бо кадрҳои баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ нигаронкунанда боқӣ мондааст.

Ҳамчунин, таъминоти молиявӣ низ дар ин самт каме беҳбудӣ мехоҳад, чун маблағҳои ҷудошуда барои ба ҳама олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ сафарбар намудани хонандагон кофӣ нест.

Ғайр аз ин, дар ҷумҳурӣ озмоишгоҳҳои замонавӣ камшуморанд. Агар чунин марказҳо бо лабораторияҳои махсуси муҷаҳҳазшуда таъмин бошанд, наврасону ҷавонон бо дастгоҳҳои замонавӣ бештар дастрасӣ пайдо карда, ба дастовардҳои бештар ноил мегарданд.