Бисёр бад аст, вақте ки ба ояндагони миллат бо чашми шубҳа менигарем, бисёр бад аст, вақте ки ба ояндагони миллат як хонаро бовар накарда, иҷора намедиҳем, бисёр бад аст, вақте ки ояндагони миллат аз надоштани ҷойи зист танқисӣ мекашанд, бисёр бад аст, вақте ки ояндагони миллат ба ҷойи фикри дарсу ояндаашонро кардан, дар ташвиши иҷора ёфтан ё хобгоҳ гирифтан ҳастанд, бисёр бад аст, вақте ки  ояндагони миллат дар кӯча мемонанд.

Аксарият ҷавононе, ки номи донишҷӯро доранд, аз деҳот ҳастанд ва ин факти раднашаванда аст. Тахминан аз 100 фисади донишҷӯёни аз деҳот омада 10-15 фоизашон, қариб ҳамагӣ духтарон мебошанд, ки дар хонаи хешону ақрабонашон иқомат мекунанд. Дар ин асно ҷойи баҳс нест, ки боқимонда донишҷӯёни (90%) дар пойтахт таҳсил дошта, макони зист надоранд ва дар талаби хобгоҳу ҷустуҷӯйи иҷора ҳастанд.

Аксарият донишҷӯёни аз деҳот омода хоҳиши дар хобгоҳ ҷой гирифтанро доштанду доранд. Ва аммо мушкилии нарасидани хобгоҳ буд, ҳаст ва агар дар фикраш набошем хоҳад монд.

Мо вақти хобгоҳ гирифтани донишҷӯён шоҳиди саҳнаҳое шудем, ки агар онҳоро дар театрҳои раддаи авваламон ба намоиш гузорем, курсиҳои доимо холӣ пур аз тамошобин мешаванд.

Ташвишу изтироби донишҷӯён айёми хобгоҳгирӣ саҳнаеро мемонад, ки на дар "Дунёи сабзи ишқ"- и Бароти Абдураҳмон ва на дар "Парончакҳо"- и Абдулҳамид Самад дидан мумкин аст. Балки дар замони мо табиист, ки агар ба донишҷӯ хобгоҳ нарасад ва барои он ки номаш дар рӯйхати нафарони хобгоҳгиранда афтад, бояд аризанависию аризабозӣ, шиносбозию тағобозӣ ё худро ятиму бенаво эълон кунад. Дар воқеъ мо чандин нафаронеро вохӯрдем, ки мушкили надоштани ҷойи зист онҳоро маҷбур карда буд, то худро ятим ё нафари табақаи поёнии ҷомеа муаррифӣ намуда, дар талаби хобгоҳ буданд.

Албатта, яку якбора наметавон кулли донишҷӯёнро ба хобгоҳ таъмин карду мушкилии мавҷударо бартараф кард, вале агар донишгоҳу донишкадаҳои мо дар фикри сохтани хобгоҳҳои нав нашаванд, рӯз аз рӯз аҳволи донишҷӯён бад мегардад, ки ин агар аз як ҷиҳат ба ҷавонони мо таъсир бад расонад, аз ҷониби дигар ба имиҷи макотиби олӣ доғ меорад.

Пеш аз он ки дар хусуси хонаи иҷора, аз ҷумла, иҷораҳои шаҳри Душанбе чизе бигӯем, саволи "Иҷора додани хона дар мо бо кадом - ченаку меъёр муқаррар карда шудааст?" ҷавоб мехоҳад. Маош 700-800 сомонӣ, вале хонаи иҷора 1000 сомонӣ. Бешубҳа метавон гуфт, ки танҳо ҳамин омил ба кишвари иҷтимоӣ будани Тоҷикистон доғ меорад. Яъне вақте, ки як нафар, шояд он нафар муаллим, журналист, рассом ва ё намояндаи касби дигар бошад,  чӣ тавр бо ин гуна меъёрҳо зиндагӣ мекунад? Албатта, дар фикри шиносномаи ғайр мешавад!

Мавриди зикр аст, ки дар Душанбе бо вуҷуди нархи гарон доштани хонаи иҷора, як мушкилии дигар аст, ки онро метавон бе чуну чаро таззоди замон номид. Проблема ё таззод ин аст, ки мардуми мо бо баробари маълум кардани он ки иҷорагирандагон донишҷӯ ҳастанд, аз хонаашонро ба иҷора додан худдорӣ мекунанд.

Имрӯз метавон гуфт, ки аксарият ба донишҷӯён (ояндагони миллат)  бо чашми дигар нигариста, дар ҳама самт, таҳсилу кору иҷора шубҳа карда, ба онҳо бовар намекунанд. Инро мо аз ҳаво намегӯем, балки таҷриба кардем ва дар зер меорем.

92-юм мкр, маҳаллаи Испечак, Зарафшон, 82-юм мкр

- Холаҷон, иҷора мекобем, ягон суроға намедонед?

- Ҳаст. Мана ин ҳамсояи мо медиҳад, аммо ба донишҷӯён намедиҳад...

***

- Ассалому алейкум, мебахшед, дар ин наздикиҳо ягон хонаи иҷора нест?

- Дар ин тарафҳои мо иҷора зиёд аст, аммо маълум аст, ки Шумо донишҷӯед ва ба фикрам, хонаи иҷора ёфта наметавонед.

- Барои чӣ?

- Бовар намекунанд!

Аз Сирки давлатӣ то маркази Савдои “Садбарг”

- Салом ба Шумо, мо иҷора мекобем, ягон суроға намедонед?

- Не бачам, умуман иҷора нест.

***

- Узри зиёд, дар ин наздикиҳоятон касе хонаашро иҷора намедиҳад?

- Иҷораҳо зиёданд, аммо барои оилавӣ гирифтан ҳастанд. Барои донишҷӯён мо надорем.

- Аз куҷо фаҳмидед, ки мо донишҷӯем?

- Аз тарзи гапзаниатон...

Аз 103-юм мкр то ГАИ

- Хаста набошед апаҳои азиз!

- Раҳмат!

- Иҷора мекобем...

- Дар ин тарафҳо барои донишҷӯён иҷора ёфтан мушкил аст. Беҳтараш тарафи хонаҳои заминӣ равед

***

- Дар ин наздикиҳо иҷора ҳаст?

- Танҳо барои оиладорҳо иҷора ёфтан мумкин аст, барои донишҷӯён не.

Вақте ки донишҷӯ ҳама маҳаллаҳои донистаашро мекобад, вале хонаи иҷора ёфта наметавонад, вақте ки донишҷӯ ба дилхоҳ рақами нафарони махсуси иҷорадеҳу иҷорақабулкун занг мезанаду аз он тарафи гӯшак мешунавад: "Донишҷӯ бошед, квартира надорам!", вақте ки дигар илоҷеву роҳи ҳалле пайдо намешавад, бисёр бад аст!

Қазоват бар Шумост.