Муҳлати бақайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои намунаи нав метавонад дароз шавад, чунки воҳидҳои дахлдори ВКД Тоҷикистон ба санаи таъиншудаи 15 август аз лиҳози воқеӣ ва техникӣ ба ивази шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба на ID-кортҳо фурсат намеёбанд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз ин масъала дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба гуфтаи манбаъ, қарор дар бораи дароз кардани муҳлати ивази шиноснома ва сабти симкортҳо бо он то ҳол қабул нашуда, ин масъала мавриди омӯзиш қарор дорад. “Ояндаи наздик дар ин хусус қарори ниҳоӣ қабул мешавад”, - гуфт манбаъ.

Тибқи дастури вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳамаи шуъбачаҳои шиносномадиҳии ШВКД-ҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор шуданд, ки реҷаи кории худро аз соати 08:00-и субҳ то соати 22:00-и шаб ба роҳ монанд.

“Бо вуҷуди дароз шудани соати вақти корӣ мо ба қабули ҳамаи хоҳишмандон фурсат намеёбем, назди мизҳои шиносномадиҳии ҳамаи ноҳияҳо ҳамарӯза навбатпойиҳои тӯлонӣ сурат мегиранд”, - изҳор дошт намояндаи ВКД.

Ёдрас мекунем, ки бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани Қарори ҳукумати ҶТ аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» ҷиҳати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, онҳо бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 15-уми августи соли равон аз нав ба қайд гиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.