Дар остонаи оғози кори нишасти МҲТБО шаҳри Душанбе ба як гулистоне табдил ёфт: дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт беш аз 9 млн. бех гул шинонида шуд.

Мо тасмим гирифтем бифаҳмем, ки муаллифи лоиҳаи омода кардани шаҳри Душанбе ба ҳамоиш киҳоянд.

Сардори шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии мақомоти шаҳрдории пойтахт Шералӣ Раҳмонов ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки барои таҳияи лоиҳаи ороиши берунаи манзаравӣ таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода гурӯҳи махсус таъсис дода шудааст.

Бино ба гуфтаи ӯ, ба ҳайати гурӯҳ тарроҳону ороишгарон, меъморон ва гулпарварони шинохта шомил гардидаанд.

Зимнан зикр шуд, ки лоиҳаи зебу ороиши пойтахт ба муносибати баргузории ҳамоиш шахсан аз ҷониби раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ тасдиқ шудааст.

Дар давраи омодагӣ ба ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Душанбе ба сурати умум беш аз 9 млн. 400 ҳазор бех гулҳои гуногун шинонида шуданд, ки дар ниҳолхонаҳои шаҳр парвариш ёфтаанд.

Шералӣ Раҳмонов аз посух ба савол дар бораи чӣ қадар маблағ сарф шудан ба ин кор худдорӣ варзид.

Asia-Plus

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.