Бо қарори мақомоти шаҳрдории Душанбе, фаъолияти бозори “Корвон”-и пойтахт рӯзҳои 14 ва 15 июн қатъ карда мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе.

Ин қарор ба хотири таъмини амният ва мушкилоти имконпазири душвор шудани истифода аз нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар дар рӯзҳои баргузории панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар пойтахти Тоҷикистон қабул шудааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, боқимонда бозор ва марказҳои савдои шаҳри Душанбе дар рӯзҳои баргузории саммит бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, яке аз моликони чандин нуқтаи фурӯш дар бозори “Корвон”, ки нахост ному насабаш ифшо гардад, ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар дод, ки имрӯз дар бозор ба онҳо эълон кардаанд, ки аллакай нимаи дуюми ҳамин рӯз савдоро қатъ кунанд.

“Аз қатъи савдо мо зарар мебинем, маҳсулот нофурӯхта боқӣ мемонад. Бо вуҷуди ду рӯз кор накардан, мо пурра маблағи иҷора ва андозҳоро пардохт мекунем”, - изҳор намуд тоҷири бозори “Корвон”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.