Имрӯз як сол мешавад аз он рӯзе, ки Моҳира Ятимова аз ҷониби ҳамсари собиқаш Бобоҷон Ширинзода бо зарби 11 корд кушта шуда буд. Ҳодиса шоми 6 июн дар пеши чашмони ду фарзанди онҳо дар манзили Бобоҷон Ширинзода ба вуқӯъ пайваст.

Имрӯз фарзандони Моҳира дар тарбияи волидонаш мебошанд.

Хешованди Моҳира Ятимова мегӯянд, Бобоҷон Ширинзода пайваста ҳамсарашро лату кӯб карда, азоб медодааст ва соли 2016 онҳо аз ҳам ҷудо мешаванд. Бар асоси қарори додгоҳ бояд фарзандонро ба ихтиёри Моҳира медодаанд, ммо Бобоҷон Ширинзода бар хилофи қарори додгоҳ, ду фарзанди калонӣ Рамазон ва Фаридун, писарҳои 8 ва 10-соларо ба хонаи худ бурда, намегузош, модарашонро бубинанд. Ин масъала ҳамеша мояи баҳси онҳо будааст. Бобоҷон Ширинзода, писари Раҷабалӣ Ширинов, собиқ муовини раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аст.

Ҳодисаи рухдода низ дар ҳамин асос сурат гирифтааст, ки Моҳира барои дидорбинии фарзандонаш ба хонаи Ширинзода меравад, ки дар натиҷа байни ӯ ва шавҳари собиқаш нофаҳмӣ ва муноқиша рух медиҳад ваи Бобоҷон Ширинзода бо зарби корд ӯро ба ҳалокат мерасонад.

Тафтишот бо такя ба наворҳои камераҳои назоратӣ муайян мекунад, ки дар ҳақиқат Ширинзода Моҳираро дар назди фарзандони ноболиғаш ва аъзои хонаводаи волидонаш бо зарби 11 кор ба қатл мерасонад.  


Моҳира Ятимова ва Бобоҷон Ширинзода дар донишгоҳ ҳамсабақ буда, соли 2007 баъди хатми он издивоҷ мекунанд. Хонаводаи Моҳира мегӯянд, зиндагии духтарашон аз аввал хуб набуда, оқибат оилаи онҳо пош хӯрд.

Имрӯз хешовандон ва дӯстони Моҳира то ҳол бовар надоранд, ки ӯ дигар бо онҳо нест ва ҳамеша аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд ва мегӯянд, Моҳира ҳамеша азоби ҷудоии фарзандонашро мекашид ва доимо ашки чашмонаш барои онҳо ҷорӣ буду дар фикри ёди онҳо рӯз мекард.

Шаҳло, дугонаи Моҳира, ки бо ӯ дӯстии зич дошт то ҳол наметавонад дар зеҳнаш набудани Моҳираро ҷо кунад. Ӯ менависад:

- Вақте ин хабари шумро шунидам, дунё дар назарам тира шуд ва он нақшаҳое, ки барои оянда доштем, барбод рафт. Фикр кардам пораи ҷигарамро буриданд. Ҳарчанд боварам намеояд Моҳираҷон дигар дар бари мо нест, аммо ӯ дар дилу дида ҳамеша бо ман аст. То ҳол ба ёдам меояду ҷигарам барояш месӯзад. Руҳат шоду хонаи охиратат обод бод! Алвидоъ Моҳираҷон!  

Манижа, дӯсти дигари Моҳира аз ӯ хотираҳои ширинро ба ёд меораду ҷигараш пора мешавад. Манижа, мегӯяд:

- Моҳира як шахсияти бузург буд, ки чунин инсонҳоро Худованд барои худаш офаридааст! Ӯ медонистааст, ки дар ин олами пур аз ғаму номардиҳо риштаи  умраш хеле кӯтоҳ будааст. Баҳри ҳамин корҳои некиашро зиёд ва сариваақтӣ ба иҷро расонидааст. Дар ҳақиқат беҳуда нагуфтаанд, ки “инсонҳои  бузург дар ин олам аз як ҳиссаи асрро умр мебинанд”. Ҳамчунин, фариштаи рӯизаминӣ дар синни мубораки 33 аз олам рафт. Ӯ аз олами биниши чашмони мо рафт, аммо то умр боқист ӯ дар дилҳои мо ҷовидон хоҳад монд. Ёдат ба хайр дӯсти азизам, дидорҳо дар қиёмат!