Дар рӯзҳои баргузории Нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки санаи 14-15 июн дар шаҳри Душанбе доир мегардад, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои марказии пойтахт маҳдуд мешавад.

Ин дафъа мақомоти шаҳрдории Душанбе равуои автобусу троллейбусҳоро дар ин давра манъ намекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт.

Бино ба гуфтаи манбаъ, дар рӯзҳои баргузории нишаст (саммит) автобусу троллейбусҳо бемамониат тариқи хатсайрҳои худ ҳаракат хоҳанд кард.

Давоми ду рӯзи зикршуда ҳаракати нақлиёт асосан дар хиёбонҳои Рӯдакӣ, Айнӣ ва Исмоили Сомонӣ, ҳамчунин кӯчаҳои А.Дониш ва Н. Ганҷавӣ маҳдуд мешавад.

Дар кори нишасти МҲТБО дар Душанбе иштироки ҳайатҳои баландпоя аз кишварҳои Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Ироқ, Эрон, Исроил, Қазоқистон, Қатар, Камбоҷа, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Фаластин, Россия, Тайиланд, Туркия ва  Ӯзбекистон дар назар аст.

Омодагии пойтахти Тоҷикистон ба ин нишаст зери назорати шахсии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор дорад.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё – МҲТБО, анҷумани байнидавлатие мебошад, ки бо ибтикори Қазоқистон ва дастгирии СММ таъсис ёфта, дафтари марказиаш дар шаҳри Нур-Султон воқеъ аст.

Ин созмон 27 кишвари узв, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Чин, Ҳинд, Эрон, Исроил, Ӯзбекистон, Туркия, Миср, Ироқ, Покистон, Фаластин, Муғулистон, Ветнам ва ғайраро муттаҳид месозад. Мақомоти олии қабули қарор ҳамоиши нишасти сарони кишварҳои узв буда, он дар чор сол як маротиба доир мегардад.

Тирамоҳи соли 2018 раёсат дар Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аз Чин ба Тоҷикистон гузашта, айни замон намояндаи Тоҷикистон Ҳабиб Мирзозода, ба ҳайси мудири иҷроияи Машварат фаъолият мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.