Дар ин давра дар вилояти Хатлону ноҳияҳои тобеи марказ, ҳамчунин дар ноҳияҳои доманакӯҳи вилояти Суғд боридани борони пуршиддат бо раъду барқ ва жола пешбинӣ мешавад.

Дар давраи рӯзҳои аз 5 то 6 июн дар қаламрави кишвар боронҳои пуршиддат дар назар буда, сатҳи оби дарёҳо (ба ҷуз ВМКБ) боло меравад.

Ёдрас мекунем, ки боришоти шиддатноки чанд рӯзи охир ба ҳалокати як нафар сокини 18-солаи ноҳияи Хуросон боис гардида, ба хеле зиёд манзилу заминҳои кишт, дигар биноҳову иншооти зерсохтор зиёни ҷиддӣ расонид.

Санаи 3 июн раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз деҳаҳои осебдидаи ноҳияи Хуросон боздид намуд. Ӯ ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки таъҷилан аз пайи рафъи оқибатҳои офати табиӣ шаванд.

1/29

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, тайи чанд рӯзи охир дар Тоҷикистон зиёда аз 7 меъёри моҳонаи боришот рух дод. Чунин боришот, ба гуфтаи онҳо, давоми 90 соли охир дар кишвар ба мушоҳида нарасидааст. Маъмулан раъду барқ охирҳои моҳи май ба охир расида, тобистон боронҳо кӯтоҳмуддат ва бехатар буданд.

Дар Душанбе рӯзҳои 5 ва 6 июн обуҳавои тағйирёбандаи абрнок, борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат рӯзона 26-28 дараҷа гарм мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.