Дар шаҳри Душанбе консерти хайрия баргузор мешавад, ки дар он мусиқачиёну овозхонони ҷавон ҳунарнамоӣ мекунанд. Консерт санаи 7 июн соати 17:00 дар кинотеатри “Ватан” барпо мешавад. Тамоми маблағи аз фурӯши билетҳо ба консерт ҷамъоваришуда ба кумаки оилаҳои камбизоати Тоҷикистон равона мегарданд, хабар медиҳанд созмондиҳандагони консерт.

Пешниҳоди баргузор намудани чунин консерт аз ҷониби гӯрӯҳи ташаббускори ҷавонон, ки ба он донишҷӯёну ҳунармандони ҷавон шомиланд, сурат гирифт.

Дар консерт донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ ва дигар мусиқачиёну овозхонони ҷавон ҳунарнамоӣ карда, бидуни истифодаи фонограмма “консерти зинда” медиҳанд.

Нархи билет - 10 сомонӣ: ҳамаи маблағи ҷамъшуда ба кумаки кӯдакон аз оилаҳои камбизоат равона мегардад.

Барои харидани билетҳо ба телефонҳои зерин муроҷиат карда метавонед: 919095892 ва 935582306.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.