Лоиҳаи қонун “Дар бораи хизматрасонии давлатӣ” дар доираи Консепсияи таъсиси ҳукумати электронӣ аз ҷониби гурӯҳи кории назди Вазорати адлия бо иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия шудааст.

Аъзои гуруҳи корӣ зимни таҳияи лоиҳаи қонун аз таҷрибаи даҳҳо кишвар истифода кардаанд. Айни замон лоиҳаи қонун бо вазорату идораҳо мувофиқа шуда, ҳамзамон конунгузории нав мавриди баррасиву музокироти аҳли ҷомеа қарор дорад.

Лоиҳаи қонун “Дар бораи хизматрасонии давлатӣ” то 1 июли соли равон бояд ба баррасии ҳукумати кишвар пешниҳод шавад.

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии хизматрасонии давлатиро муайян намуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки ба хизматрасонии давлатӣ машғуланд, инчунин гирандагони хизматрасонии давлатиро танзим менамояд.

Имрӯз чӣ дорем?

Зимни баррасии лоиҳаи қонун бо аҳли ҷомеа рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда муовини сардори Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлия Сарвар Холиқзода қайд кард, ки айни замон сохторҳои давлатӣ ба аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ бар асоси қарори ҳукумат ё дастурҳои худашон, ки дар Вазорати адлия сабт мешавад, хизматрасонӣ мекунанд.

Бино ба гуфтаи ӯ, номгӯи хизматрасониҳо бо забони фаҳмо бояд дар ҷойи намоён овехта шуда бошад, лекин ин талабот на ҳамеша аз ҷониби баъзе мақомот ба таври бояду шояд иҷро мешавад.

Холиқзода таъкид дошт, ки барои гирифтани ягон ҳуҷҷат имрӯз мақомоти давлатӣ аз дигар сохторҳо маълумотнома (справка) талаб мекунанд.

“Яъне, - изҳор дошт ӯ. - Бисёр такрори ваколатҳо аз ҷониби мақомоти гуногуни давлатӣ ба мушоҳида мерасад”.

Ӯ қайд кард, ки қонуни таҳияшуда ба он равона шудааст, ки мардум пушти дари корманди мақомотҳои давлатӣ вақти зиёди худро талаф надода, дар вақти муайяншуда ба хизматрасонӣ дастрасӣ дошта бошанд.

“Дар мо ҳатто худи мафҳуми хизматрасониҳои давлатӣ ба таври дигар фаҳмида мешавад. Вақте дар бораи хизматрасонӣ ҳарф мезанем, корманди ба ин кор масъул бояд ба таври бояду шояд ба шумо хизматрасонӣ кунад. Ба мисле, ки пешхизмат дар қаҳвахона ба шумо хизматрасонӣ карда, кӯшиш мекунад, ки ин корро ҳарчи хубтар хуб анҷом диҳад ва бо суханҳои “боз биёед” шуморо гусел мекунад. Ҳангоми гирифтани хизматрасониҳои давлатӣ бошад, мо бо кадом сабабе одат кардаем, ки ба кормандони муассисаҳои давлатӣ миннатдорӣ изҳор намуда, илова бар ин, ба дасташон боз маблағи иловагӣ ҳам диҳем”, - иброз дошт Холиқзода.

То ҳадди ниҳоӣ кам кардани коррупсия

Дигар мушкили айни замон мавҷуда, ба қавли Сарвар Холиқзода, робита хеле тез-тези гирандагони хизматрасониҳо бо кормандони мақомоти давлатӣ аст, ки яке аз сабабҳои асосии пайдо шудани ҳолатҳои коррупсионӣ мебошад.

Ӯ зикр кард, ки пас аз қабули қонун аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ хизматрасониҳои давлатиро тариқи низоми онлайни веб-портали “ҳукумати электронӣ” дастрас карда метавонанд. Холиқзода таъкид намуд, ки Маркази ягонаи тамос оид ба масоили пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ таъсис дода мешавад, ки дар сурати дар вақти муайяншуда иҷро нагардидани он, одамон метавонанд ба он муроҷиат намоянд. 

Ҳангоми хизматрасониҳои давлатӣ, хизматрасонандагон ба шахсони воқеӣ   рақами ягонаи миллӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ рақами ягонаи мушаххас, ки барои муайян намудани шахс аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дода шудааст, истифода мебаранд. Натиҷаи хизматрасонии давлатӣ бо додани ҳуҷҷати электронӣ ё ҳуҷҷат дар ҳомили коғазӣ ва ё маълумот аз Портали «ҳукумати электронӣ» амалӣ мегардад. Гирандагони хизматрасонӣ мувофиқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба хизматрасонии давлатӣ дар асоси як ариза метавонанд якчанд хизматрасонии давлатиро дар шакли электронӣ гиранд.

Намоянда Вазорати адлия қайд кард, ки ҳамаи хизматрасониҳои давлатӣ ба Феҳристи ягона ворид гардида, ҳамин тариқ такрори ваколатҳои мақомоти давлатӣ пешгирӣ мешавад.

Ба гунаи мисол, гуфт Холиқзода, танҳо Вазорати тандурустӣ имрӯз беш аз 1,5 ҳазор хизматрасониҳоро пешниҳод мекунад.

Феҳристи  хизматрасонии давлатӣ инҳоро пешбинӣ менамояд:

- номгӯи хизматрасонии давлатӣ;

- маълумот дар бораи гирандаи хизматрасонӣ (шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ);

- номгӯи мақомоти марказии ҳокимияти давлатие, ки стандарти хизматрасонии давлатиро таҳия менамояд;

- номгӯи хизматрасонанда;

- номгӯи ташкилотҳое, ки қабули аризаҳо ва додани натиҷаҳои хизматрасонии давлатиро анҷом медиҳанд ва (ё) ишора ба сомонаи интернетии «ҳукумати электронӣ» дар ҳолати хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ;

- шакли хизматрасонии давлатӣ;

- музднок ё бемузд будани хизматрасонии давлатӣ.

Назорати ҷамъиятӣ

Дар қонун роҳандозии пайгирӣ (мониторинг)-и ҷараёни расонидани хизматгузориҳои давлатӣ аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ пешбинӣ шудааст.

Мониторинги ҷамъиятии миқдор ва сифати хизматрасонии давлатӣ фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ҷамъоварӣ, таҳлили иттилоот дар бораи миқдор ва сифати расонидани хизматрасонии давлатӣ ва таҳияи тавсияҳо мебошад.

“Ин лаҳзаи хеле муҳим аст, ҳарчанд зимни таҳияи лоиҳаи қонун баъзе сохторҳои давлатӣ қотеъона ба зарурати роҳандозии мониторинги ҷамъиятӣ мухолиф буданд”, - шарҳ дод Холиқзода.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.