Рӯзҳои 12-13 апрели соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рӯзҳои кинои тоҷик баргузор мешаванд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар” бо истинод ба студияи «Суғдсинамо», дар доираи ин барнома филми «Коса»-и Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов низ пешниҳоди тамошобинон хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, Рӯзҳои кинои тоҷик дар кинотеатри ба номи Алишер Навоии шаҳри Тошканд ҷараён мегиранд ва тӯли ду рӯз филмҳои «Сафари ҳавоӣ»-и Далер Раҳматов, «Таксӣ»-и Файзуллои Файз,  «Хоби ҳамдуна»-и Румӣ Шоазимов ва «Тангно»-и Муҳиддини Музаффар намоиш дода мешаванд.

Қайд мешавад, ки филми «Тангно» панҷумин филми Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов буда, аз рӯи асари нависандаи тоҷик Сорбон «Тангнои гетӣ» таҳия шудааст.

Филм дар деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент ва қисман дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия наворбардорӣ шудааст. Он аз муаммоҳои иҷтимоии ҷомеаи муосир, мушкилот ва пайомадҳои муҳоҷирати меҳнатӣ қисса мекунад.