Рӯзноманигори тоҷик Одили Нозир пас аз марги Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова пешниҳод кард, ки “Пайкараи модар”-ро бо такя ба яке аз образҳои офаридаи ин ҳунарпеша таҳия намоянд.

“Мушаррафа Қосимова тамоми умр дар кино ва театр образи модари тоҷикро барҷаста офаридаанд. Образи модаре, ки Мушаррафа Қосимова иҷро кардаанд, хеле самимиву воқеӣ ва таҷассумгари симои аслии модари тоҷик аст. Аз ин сабаб, пешниҳод мекунам, ки “Пайкараи модар” бар асоси яке аз образҳои офаридаи ин ҳунарпеша гузошта шавад”, - иброз намуд Одили Нозир.

Мушаррафа Қосимова – Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ки ӯро ҳамчун “модари театри тоҷик” мешиносанд, 1-уми апрели соли равон дар синни 102-солагӣ аз дунё гузашт. Ӯ ҳамсари Муҳаммадҷон Қосимов, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ ва модари Фаррух Қосимов, бунёдгузори театри "Аҳорун" дар Тоҷикистон буд. Ӯ ҳамчун ҳунарпешаи Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ дар намоишномаҳои "Ҳаёт ва ишқ"-и Файзулло Ансорӣ, "Гавҳари шабчароғ"-и Сотим Улуғзода, "Дохундаи"-и Садриддин Айнӣ ва дар филмҳои "Нисо", "Вохӯрӣ дар дара" ва "Дарду алами Афғонистон" нақшҳо иҷро кардааст. Ҳамчунин дар намоишномаи "Исёни арӯсон" ва "Ҷон модаракон" нақши модарро иҷро кардааст.

Мавзӯи гузоштани муҷассамаи модар дар Душанбе замоне ба баррасӣ кашида мешавад, ки 21 июни соли 2016 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди “Пайкараи модар” ва маҷмааи кӯдаконаи “Меҳри модар” дар маҳаллаи “Зарафшон”-и шаҳри Душанбе санги асос гузошта буд. Он замон як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “комиссияи озмун се лоиҳаро баррасӣ дорад ва рӯзҳои наздик лоиҳаи беҳтарин интихоб ва бунёди он оғоз меёбад”.

Инчунин, дар саҳифаи “Меъмории Душанбе” дар Facebook низ лоиҳаи маҷмааи "Меҳри модар" гузошта шуда буд.

Аммо бо гузашти 3 сол маҷмааи мазкур ва “Пайкараи модар” низ бунёд нагардид ва марги “модари театри тоҷик” – Мушаррафа Қосимова мавзӯи гузоштани муҷассамаи модарро дубора сари забонҳо намуд. Рӯзноманигор Одили Нозир ва чанде аз корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook пешниҳод намуданд, ки ҳангоми таҳияи муҷассама бояд яке аз образҳои офаридаи Мушаррафа Қосимова меҳвар қарор дода шавад.

Одили Нозир зимни суҳбат бо “Азия - Плюс” зикр намуд, ки образи модари тоҷикро дар театр ва кино беҳтар аз Мушаррафа Қосимова ва Марям Исоева касе наофаридааст ва аз ин сабаб, дар ҷараёни таҳияи муҷассамаи модар яке аз образҳои Мушаррафа Қосимова ё Марям Исоева бояд меҳвар қарор дода шавад.

“Ин иқдом ҳамчунин туҳфаи хубе барои аҳли ҳунар хоҳад буд, ки имсол 90-солагии театри тоҷикро таҷлил мекунанд”,-гуфт Одили Нозир.

Дар ҳамин ҳол, аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия - Плюс” гуфтанд, ки лоиҳаи маҷмааи “Меҳри модар” ва муҷассамаи модар омода аст, лекин “насби “Пайкараи модар” дар пойтахти Тоҷикистон бо сабабҳои техникӣ ба таъхир гузошта шуд”.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар шаҳри Ваҳдат, шарқи Душанбе ҳанӯз замони шӯравӣ муҷассамаи модар гузошта шуда буд, аммо ба андешаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ он аслан ифодакунандаи симои воқеии модари тоҷик нест.

Муҷассамаи модар дар шаҳри Ваҳдат
Сурат: аз morefilma.ru

“Муҷассамаи модаре, ки дар шаҳри Ваҳдат гузошта шудааст, ба зани тоҷик умуман монанд нест. Модари тоҷик бояд меҳрубон, ғамхор, зебову боназокат тасвир карда шавад, ки дар муҷассамаи модари шаҳри Ваҳдат ин хислатҳо дида намешавад”,- мегӯяд Одили Нозир.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон бар асоси образҳои офаридаи ҳунарпешагон гузоштани муҷассама маъмул нест, аммо дар давлатҳои дигар барои образҳои машҳури кинову театр муҷассамаҳои зиёд гузоштаанд. Аз ҷумла, барои қаҳрамонҳои филми “Мимино” дар Гурҷистон, барои “сегона”-и машҳури кинои шӯравӣ – Юрий Никулин, Евгений Моргунов ва Георгий Витсин дар даҳҳо шаҳрҳо муҷассама гузоштаанд.

1/4

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.