Адвокатҳои Хайрулло Мирсаидов ба Судии олии Тоҷикистон ҷиҳати бознигарии парванда ва пурра сафед кардани ӯ шикояти кассатсионӣ пешниҳод намудаанд.

Дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” Хайрулло Мирсаидов ин маълумотро тасдиқ намуда, изҳор дошт, ки акнун онҳо посухро интизоранд.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар шикояти кассатсионӣ зикр мешавад, ки айбномаҳо нисбати ӯ сохтаву беасосанд.

“Дар он қайд мешавад, ки дар амалҳои ман мутобиқи моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) ва 346 (Дидаю дониста расонидани  хабари бардурӯғ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон таркибҳои ҷиноят вуҷуд надорад. Айбномаҳо нисбати ман сохтаву беасос мебошанд”, - гуфт Мирсаидов.

Дар ҳамин ҳол, ӯ бовар надорад, ки Суди олии Тоҷикистон ӯро сафед мекунад, лекин барои исботи бегуноҳиаш омода аст, ки ба СММ муроҷиат намояд.

“Ба сафедкунии худ аз ҷониби Суди олии Тоҷикистон бовар надорам, лекин ин зинаи охирин аст, ки ба мо барои муроҷиат ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ зарур аст”, - иброз дошт ӯ.

Хайрулло Мирсаидов изҳор намуд, ки ӯ ҳозир дар Аврупо иқомат дошта, ба фаъолияти журналистӣ машғул аст.

“Муолиҷа ба охир расида, худро хуб ҳис мекунам. Дар Аврупо зиндагӣ ва бо ВАО-и ҷаҳон ҳамкорӣ намуда, бо забони русӣ мавод менависам. Ҳамчунин забони англисиро омӯхта истодаам”, - гуфт Мирсаидов.

Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки “дар Аврупо кори журналистон осонтар аст, зеро ин ҷо озодии баён вуҷуд дорад ва барои интиқод рӯзноманигоронро ба ҳабс намегиранд”.

Ёдрас мекунем, ки Суди шаҳри Хуҷанд санаи 11 июли соли гузашта рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндон маҳкум намуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои азхудкунӣ ё камомади маблағ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва дидаву дониста додани маълумоти бардурӯғ гунаҳкор эътироф гардид.

Пас аз содир шудани ҳукми суд оилаи Мирсаидов ба сифати ҷуброни зиёни муайяншуда аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ба нафъи давлат 124 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт намуд.

Бо қарори ҳайати мушовараи суди вилояти Суғд аз 22 августи соли гузашта, Хайрулло Мирсаидов аз толори суд озод карда шуд.

Суди вилоят ҷазо нисбати Мирсаидовро аз рӯи ҳамаи се модда, ки қаблан тибқи онҳо ба ӯ аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд айбнома пешниҳод шуда буд, тағйир дод.

Аз ҷумла моддаҳои 245 ва 345 (маҳрумият аз озодӣ) ба ҷарима дар ҳаҷми наздики 80 ҳазор сомонӣ ва моддаи 346 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба корҳои ислоҳӣ иваз карда шуданд.

Иҷрои корҳои ислоҳӣ маънои онро дорад, ки Хайрулло Мирсаидов дар ҷойи дилхоҳаш кор карда метавонад ва 20% аз ҳаҷми музди меҳнаташро муддати 2 сол ба буҷети давлатӣ пардохт мекунад.

Санаи 11 январи соли ҷорӣ Суди шаҳри Хуҷанд Хайрулло Мирсаидовро ғоибона ба 8 моҳи зиндон маҳкум кард. Чунин ҳукмро суд бар асоси аризаи иҷрочии суд дар бораи аз ҷониби Мирсаидов бидуни огоҳӣ тарк кардани кишвар содир намуд.

Он замон Мирсаидов изҳор дошта буд, ки “кишварро барои бехатариаш тарк карда, аллакай муддати се моҳ дар Гурҷистон муолиҷа мегирад”. Моҳи феврал адвокати ӯ “Бахтиёр Насруллоев ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки зерҳимояаш тибқи таъиноти ШВКД шаҳри Хуҷанд барои саркашӣ аз иҷро накардани ҷазои ҷиноятӣ, дар Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.