Бинобар анҷоми корҳои таъмиру азнавсозӣ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ (мавзеи Яккачинор ва Агроинвестбонк), аз 10 апрел ҳаракати троллейбусҳои №12 дар шаҳри Душанбе (Фурӯшгоҳи марказӣ (СУМ) – маҳаллаи Гипрозем) муваққатан қатъ карда мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдориии пойтахт, шурӯъ аз 10-уми апрели соли равон дар хатсайри троллейбусии мазкур муваққатан ҳаракати автобусҳо бо рақами хатсайри №12 ба роҳ монда мешавад.

Тибқи маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, айни замон дар шаҳри Душанбе беш аз 2 ҳазору 900 адад нақлиёти мусофирбар ба сокинон хизматрасонӣ мекунанд, ки 80%-и онҳо хусусӣ мебошанд.

Дар тавозуни корхонаҳои коммуналии шаҳр 560 адад воситаҳои нақлиёте қарор доранд, ки ба мусофирони пойтахт хизматрасонӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.