Се рӯзи наздик дар қаламрави Тоҷикистон обуҳавои номусоид боқӣ монда, эҳтимоли боришоти шадид дар назар аст.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, дар натиҷаи тағйири обуҳаво барфҳо дар кӯҳҳо об шуда, мулоим шудани хоки зери барф дар теппаҳо метавонад сабабгори рониши замин шавад. Ҳамчунин болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар назар аст.

Зимнан ҳушдор дода мешавад, ки дар натиҷаи боронҳои шадид хавфи лағзиши тарма, омадани сел ва резиши санг зиёд аст.

Аз ин рӯ, Кумита аз аҳолии мамлкат хоҳиш кардааст, ки аз сафар ба мавзеъҳои селрезу тармахез худдорӣ кунанд, муддате то эътидоли ҳаво ба кӯҳу доманакӯҳҳо низ ба қасди омода кардани ҳезуму алаф ё чаронидани моли худ нараванд.

Ёдрас мешавад, ки ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва ё ягон ҳодисаи нохӯш  шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои бахши навбатдории КҲФ: 93 880 28 19; 221-91-19 ва 223-13-11 муроҷиат намоянд.

Қобили зикр аст, ки охири ҳафтаи гузашта бар асари  боронҳои шадид дар як қатор манотиқи кишвар сел омада, ба заминҳои кишт, роҳҳои мошингард, қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон зарар расонд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.