Аз 12 апрел пардохти ҳаққи роҳкиро дар дар хатсайрҳои автобусии №6 (Бонки миллӣ – маҳаллаи Чортут) ва №11 (мактаби №61 – бозори «Балх») дар шаҳри Душанбе пурра тариқи кортҳои электронии нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, шаҳрвандон метавонанд кортҳои электронии роҳкироро аз терминалҳои назди истгоҳҳо ва нуқтаҳои фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо дастрасӣ намуда аз хизматрасониҳии автобусҳои муосир истифода баранд.

Қобили зикр аст, ки қаблан пардохти ҳаққи роҳкиро танҳо бо корти нақлиётӣ дар пойтахт дар автобусҳои хатсайри №3, №8, №43, №7 ва №22, ҳамчунин троллейбусҳои №1 ва №10 ҷорӣ шуда буд.

Лоиҳаи «Низоми пардохти электронӣ ва назорати равуо дар нақлиёти мусофирбари истифодаи ҷамъиятии шаҳри Душанбе» (Cityсard) аз ҷониби ширкати Avesto Group ва мақомоти шаҳрдории пойтахт бар асоси механизми шарикии давлатӣ-хусусӣ амалӣ мешавад. Татбиқи лоиҳа 1 марти соли 2018 оғоз гардид. Аз 1 апрели соли 2018 сокинон ва меҳмонони пойтахт кортҳои нақлиётиро харидорӣ ва пурра истифода мекунанд.

Мутахассисони лоиҳа қайд мекунанд, ки дар марҳилаи мазкур ҳадафи асосӣ пурра ҷорӣ кардани низоми автоматишудаи пардохт ва назорат дар автобусу троллейбусҳо мебошад.

«Дар бораи ҷорӣ шудани ин низом дар дигар навъҳои нақлиёти мусофирбар, аз ҷумла микроавтобусҳо (маршруткаҳо) танҳо баъди анҷоми муваффақонаи ин марҳила метавон ҳарф зад», - шарҳ доданд онҳо.

Айни замон мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 19 феврали соли 2018, ба мусофироне, ки корти нақлиётиро барои 50 ва зиёда аз он равуо кардан харидаанд, барои равуо дар автобусу троллейбусҳо 15% тахфиф дода мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.