Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон намоишгоҳи маҳсулоти корхонаи “Қолинҳои Қайроққум” ҷараён дорад, ки то санаи 8 апрел идома меёбад.

Тавре ба “Азия-Плюс” корманди масъул ба таблиғоти маҳсулоти корхона (PR-менеҷер) Ҷамшед Бобоев хабар дод, нархи қолинҳои дар Душанбе пешкашшуда аз 31 сомонӣ то 240 сомониро барои як метри мураббаъ ташкил медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз ин корхона бо таҷҳизоти технологии истеҳсоли Белгия ва Олмон муҷаҳҳаз аст. Ашёи хом ва захираҳо барои бофтани қолин ва дигар маҳсулот дар Тоҷикистон истеҳсол карда мешаванд.

1/13

“Қолинҳои Қайроққум” берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ бо хушсифатии худ маъруф буда, ба беш аз 10 кишвари хориҷи дур ва наздик содирот мешаванд.

Ҳаҷми истеҳсолоти корхона ба зиёда аз 2 млн. метри мураббаъ маҳсулоти қолин дар як сол баробар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.