Дар галереяи намоишгоҳии Иттифоқи рассомони Тоҷикистон имрӯз маросими ифтитоҳи намоишгоҳи шахсии оилаи рассомон Саодат Боронова ва Меҳриддини Абдусаид таҳти унвони “Сарчашмаи илҳом” баргузор мешавад.

Ҳамсарон соли 2010 Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов ва соли 2014 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро хатм кардаанд. Саодат иштирокчии як қатор намоишгоҳҳои махсуси марбут ба ҳунармандии занон буда, расмҳои Меҳриддин дар намоишгоҳҳои Қатар ва Кувейт ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

акс аз бойгонии оилавӣ

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи шахсии “Сарчашмаи илҳом” ба муносибати Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ кормандони сафоратхонаҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ, ходимони маъруфи санъату фарҳанги кишвар, омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони ВАО иштирок мекунанд.

Дастандаркорони чорабинӣ ҳамаи хоҳишмандонро, ки ба ҳунари рассомӣ бетараф нестанд, ба намоишгоҳ даъват мекунанд. Маросими ифтитоҳ имрӯз, 5 апрел соати 17 дар толори намоишгоҳи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон (хиёбони Рӯдакӣ 89, рӯбарӯи “Зинат”) оғоз мегардад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.