Мақомоти шаҳрдории Душанбе ҳаракати микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и хатсайри №10-ро байни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва маҳаллаи Пахтакор, ҳамчунин №67-ро аз маҳаллаи Маърифатӣ то кӯчаи Гагарин манъ мекунад.

Аз 10 апрел хизматрасонии ин хатсайрҳо пурра тариқи автобусҳои тамғаи «AKIA» ба роҳ монда мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Гуфта мешавад, ин қарор бо мақсади кам кардани шиддатнокии ҳаракат ва танбашавии воситаҳои нақлиёт дар ин самт қабул шудааст.

Мебояд гуфт, нахуст ҳукуматдорони пойтахт ҳаракати маршруткаҳоро дар хиёбони марказии Рӯдакӣ манъ карданд. Сипас дар дигар кӯчаҳои шаҳр, аз ҷумла кӯчаи Неъмат Қарабоев низ ба ҳаракати микроавтобусҳо роҳ дода нашуда, дар он танҳо автобусу троллейбус ва таксиҳо ба мусофиркашонӣ машғуланд.

Тибқи маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, айни замон дар шаҳри Душанбе беш аз 2 ҳазору 900 адад нақлиёти мусофирбар ба сокинон хизматрасонӣ мекунанд, ки 80%-и онҳо хусусӣ мебошанд.

Дар тавозуни корхонаҳои коммуналии шаҳр 560 адад воситаҳои нақлиёте қарор доранд, ки ба мусофирони пойтахт хизматрасонӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.