Давоми 5 сол Русия ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба маблағи 122 млн. доллар аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ дод, хабар дод и.в. роҳбари ҳайати Русия дар гуфтушунидҳо оид ба масоили амнияти ҳарбӣ ва назорати силоҳ дар Вена Андрей Ворбев. Дар ин бора РИА Новости иттилоъ медиҳад.

Бино ба маълумоти хабаргузорӣ, Тоҷикистон ба ҳайси яке аз кишварҳои муҳими минтақаи байни Русия ва Афғонистон баррасӣ мешавад, ки дар ростои фаъолнокии террористон боз ба нуқтаи доғи сайёра табдил меёбад. Ҳазорон чангиён аз Ироқу Сурия маҳз дар Афғонистон ҷамъ омадаанд, менависад хабаргузории Русия.

“Аз соли 2014 марҳилаи аввали барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мавриди амалишавӣ қарор дошта, аз Русия ба Тоҷикистон номгӯи васеи чархболҳо, техникаи зиреҳпӯш, артиллерия, силоҳи оташфишон ва муҳимоти ҷангӣ дода мешавад. Аз ҳаҷми умумии пешбинишуда аллакай ба маблаги 122 млн. доллар амволу аслиҳа ва муҳимот дода шуд”, - гуфтааст Воробёв дар ҷаласаи форуми САҲА.

Ғайр аз ин, иброз доштааст ӯ, таҳсили 586 нафар хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон дар мактабҳои олии низомии Русия идома дорад.

“Ҳамзамон дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар ин кишвар корҳои омодагии то ҳазор нафар сарбозону афсарони хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар як сол бевосита дар қаламрави Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст”, - илова намудааст дипломат.

Сафари Шойгу ба Тоҷикистон чӣ ҳадафҳо дошт?

Санаи 28 май вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу бо сафари кӯтоҳмуддат ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид кард. Дар бораи ҳадафҳои сафар маълумот дода нашуд.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон иттилоъ дод, зимн мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, вазъ ва дурнамои ҳамгироии кишварҳо дар ин соҳаҳоро баррасӣ карданд.

Сурат аз хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Зимнан зикр гардида буд, ки Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки рушди минбаъдаи маҷмуъи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии давлати мо мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.