Дар маркази савдои «Душанбе Молл» субҳи имрӯз бонги хатари санҷишии сӯхтор ва ба макони амн кӯчонидани муштариён гузаронида шуд. Раҳбарияти марказ итминон медиҳад, ки ҳамаи низомҳои бехатарӣ аз сӯхтор коршоям буда, доимо таҳти назорат қарор доранд.

Баромадгоҳи эҳтиётӣ дар МС "Душанбе Молл"
Акс аз саҳифаи марказ дар Фейсбук

Дар саҳифаи марказ дар Фейсбук кормандони ин фурӯшгоҳ ба наздикону пайвандони фавтидагон аз сӯхтор дар маркази савдои «Зимняя вишня» дар шаҳри Кемеровои Русия изҳори тасаллият кардаанд.

Гуфта мешавад, дар ҳар як ошёнаи марказ «чандин ҷевонҳои бехатарӣ аз сӯхтор вуҷуд дошта, дар ошёнаи 1-ум - 5 адад, 2-юм - 6-то, 3-юм (фудкорт) - 6-то ва ошёнаи 4-ум - 5-то роҳи баромад зимни сӯхтор сохта шудааст.

Дар ҳар кадоме аз мағозаҳо, кинотеатру минтақаҳои фудкорт, минтақаҳои умумӣ дастгоҳҳои сӯхторхомӯшкунӣ гузошта шудааст. Дар назди зинапояҳои ҳар яке аз ошёнаҳо нақшаи кӯчонидан овехта шудааст.

Акс аз саҳифаи марказ дар Фейсбук

Дар шабакаи иҷтимоӣ дар ин мавзӯъ назарҳои гуногун изҳор мешаванд. Чанде ин санҷишҳои марказро дастгирӣ намуда, лекин касоне ҳам ҳастанд, ки шубҳа изҳор мекунанд.

Акс аз саҳифаи марказ дар Фейсбук

«Парерӯз роҳи баромад ба қисмати сӯи JYSK баста буд», - шубҳа мекунад корбари шабака Nuriddin Lafizov.

«Чанде қабл духтаре навишта буд, ки дар Ашан роҳи баромад зимни сӯхтор баста буд, баъди эроду ӯ онро боз карданд, вале куҷост кафолат, ки дигар баста намешавад?», - пурсидааст MuzZam MuzZam.

«Имрӯз барқ хомӯш шуд, мо дар гӯшаи дури мағоза будем, хеле торик буд. Барқро базудӣ доданд, лекин дар Кемерово сонияҳо ҷони чандин касро рабуданд», - ҳикоят кардааст Zuhra Qurbanova.  

Акс аз саҳифаи марказ дар Фейсбук

Ғайр аз ин, корбарон ба масъалаи дар толорҳои кинотеатрҳо мавҷуд будани роҳҳои баромади эҳтиётӣ дар сурати сар задани сӯхтор таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Акс аз саҳифаи марказ дар Фейсбук

«Дар дохили маҷмааи толори кино дар самтҳои гуногун 2 роҳи баромад зимни сӯхтор то ошёнаи 1-ум мавҷуд аст. Илова бар ин, ду роҳи баромади дигар ба сатҳи боми бино низ вуҷуд дорад. Дастгоҳҳо аз ҷониби ширкати туркӣ насб шуда, мақомоти дахлдори кишвар онро қабул карданд», - посух додааст ба саволҳо корбар Нике Зидан, ки дар саҳифаааш дар муқобили ҷойи «кораш» - «Аудит компания» зикр шудааст.

Қобили зикр аст, ки кинотеатри «Кайҳон», ки дар «Душанбе Молл» воқеъ аст, имрӯз дар саҳифааш дар Фейсбук барои баста шудани кинотеатр маъзарат хоста, иттилоъ додааст, ки ин ба «санҷиши ғайринақшавии бехатарӣ аз сӯхтор» вобаста аст.