Дар вилояти Маскав як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудааст, ки зимни санҷиши ҳуҷҷатҳояш аз ҷониби корманди пулис ба ӯ бо корд ҳамла кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Раёсати минтақавии ВКД. Замони боздошти тоҷикистонӣ дар камераҳои мушоҳидавӣ сабт шудааст, хабар медиҳад шабакаи телевизионии Вести. ру.

Ҳамла дар шаҳраки Фрязино замоне сурат гирифтааст, ки корманди пулис ҷавонеро дар хиёбони Мир боздошт мекунад, ки аз рӯи аломатҳо ба ҷинояткори мавриди ҷустуҷӯ монандӣ доштааст. Пас аз санҷиши ҳуҷҷатҳо корманди пулис ба ӯ пешниҳод мекунад, ки ҳамроҳаш ба шуъба раванд, лекин ҷавон дарҳол бо корд ба шиками ӯ зарба мезанад.

Корманди пулис бо захми корд дар шикам ба бемористон бистарӣ шуда, ҷавон аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад, лекин тавассути камераҳои мушоҳидавӣ ӯ ба зудӣ дастгир мешавад. Дар навор дида мешавад, ки чӣ гуна кормандони пулис ҷавонони нимаурёнеро, ки бо футболкаҳояшон рӯяшонро пинҳон мекунанд, боздошт кардаанд. Яке аз онҳо кӯшиши гурехтан намуда, лекин бо огоҳии истифода аз силоҳ таслим ва ба замин хоб меравад.

Гуфта мешавад, айни замон таҳиқи ин ҳодиса идома дошта, дар фурсати наздиктарини оид ба чорагирии минбаъда нисбати боздоштшуда тасмим гирифта хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.