Вазорати корҳои дохилӣ ба таҳқиқи ҳодисаи ба манзили зисти узви маҳкумшудаи ҲНИТ дарафтодани як гурӯҳ ҷавонон идома медиҳад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД ҶТ Умарҷони Эмомалӣ хабар дод.

«Таҳқиқи ҳодиса метавонад аз 10 рӯз ҳам дертар идома ёбад ва айни замон кормандони вазорат «кӣ будану чӣ хостани ин шахсон»-ро мавриди омӯзиш қарор додаанд», - қайд кард ӯ.

Ёдрас мекунем, ки бегоҳии рӯзи 27 сентябр гуруҳе аз ҷавонон бо як автобус ба назди хонаи Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонишудаи Раёсати Олии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ дар кучаи Аттор 50 омада, хона ва дару деворашро бо тухмҳо зада, дар назди хонааш овезаву плакатҳоро оташ заданд.

Валамат Иброҳимзода, ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб дар ин бора иттилоъ дода, бо овози гиряолуд афзуд, “дар як автобус қариб 30-40 нафар омаданд. Дар сари куча фуромаданд, омаданд, ячейкаи тухмро заданд, шатта қати дарро заданд, плакатаро сӯзонданд. Як хона сағераи бепадар дорем, ҳама талхакаф шуд дар ин хона. Ин чӣ гап аст?”

Ӯ ҳамчунин изҳор дошта буд, ки аз болои фаъолони ҷонибдори ҳукумат, ки ба худи ӯ ва хонаву дару девораш тухм пошида, назди он овезаву плакатҳоро оташ заданд, ба мақомоти милитсия шикоят намекунад. «Нисбати ин ҷавонон ба милитсия муроҷиат кардан маъние надорад, агар ҳамаи ин аксия аз ҷониби худи ҳукуматдорон ташкил шуда бошад», - гуфт Валаматзода дар суҳбат бо «Азия-Плюс».