Яке аз ҷавонони  ҷароҳатбардошта бар асари оташгирии автомашина дар таваққуфгоҳи Помир-Душанбе ҳалок шуд

Насим Файзуллоев, ки бар асари оташгирии автомашина дар “Автоколоннаи 2927” ҷароҳат бардошта буд, дар беморхона ба ҳалокат расид.  Ӯро наздикон ва пайвандонаш дирӯз дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба хок супориданд.

Яке аз хешовандони ҷавон Ангур Одинаева, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, саломатии марҳум аз ҷониби табибон вазнин арзёбӣ гардида буд ва ӯ рӯзи шанбе дунёро падруд гуфт.

“Табиби олмонӣ, ки барои табобати Осияи хурдакак омада буд, Насимро аз ташхис гузаронид ва саломатиашро хеле вазнин арзёбӣ карда, барои шифо ёфтанаш кафолат надод, чун баданаш 95 фисад сӯхта буд”, - гуфт номбурда.

Зимнан зикр шуд, ки вазъи саломатии Мурод Сайидраҳмоновро каме беҳтар буда, ӯ ба палата гузаронида шудааст.

Ёдрас мешавем, ки Насим Файзуллоев ва Мурод Саидраҳмонов  хешони наздик буда, ҳангоми рух додани ҳодисаи оташ гирифтани мошин онро таъмир мекардаанд.

Ҳамон рӯз ҳолати Мурод Саидраҳмонов ва Насим Файзуллоев, ки бар асари сӯхта шудани автомашина дар “Автоколоннаи 2927” ҷароҳат бардоштанд, мӯътадил арзёбӣ шуда буд.

Ҷавонон дар шӯъбаи сӯхтаи беморхонаи рақами 3 бистарӣ буданд ва табибон тамоми чораҳои заруриро барои шифоёбии онҳо андешидаанд. Вале мутаассифона Насим Файзуллоев, ки довталаб буд ва нияти донишҷӯ шуданро дошт, ба ҳалокат расид.

Ёдрас мешавем, ки дар натиҷаи оташ гирифтани автомашина дар “Автокалоннаи 2927” ду ҷавон бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини бадан дар Маркази тиббии шаҳрии рақами 3 бистарӣ шуда буданд.

Ба гуфтаи хешовандони ҷавонон: “Сайфулло Сайидраҳмон, амаки ҷавонон, ки дар хатсайри  Душанбе-Хоруғ-Душанбе ба мусофиркашӣ машғул буд, каме мошинаш вайрон мешавад. Ӯ ба Муроду Насим тамос мегирад ва мегӯяд, ки барои таъмири мошин ба ӯ кӯмак намоянд. Ҷавонон дар таваққуфгоҳ ҳозир мешаванд ва ба таъмири нақлиёт шурӯъ мекунанд. Дар ин ҳолат ронандаи мошин мехоҳад аз баки мошин маводи сӯхт (бензин) бигирад, ки оташи арраи барқӣ ба маводи сӯхт мепарад ва оташ якбора сар мезанад. Ҷавонон низ дар ин ҳолат оташ мегиранд”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.