Имрӯзҳо дар Тоҷикистон мавсими ҷамъоварии ҳосили пиёз дар авҷ аст. Қисмати зиёди он содирот мешавад, асосан ба Русия.

Содиркунандагон, аз ҷумла аз Тоҷикистон аз камбуди ҳозираи пиёз дар Русия қаноатманданд. Тибқи маълумоти портали лоиҳаи аграрии East-fruit.com, дар худи Русия як кило пиёзро истеҳсолкунандагон бо нархи 20-30 рубл/кг ($0,31-0,47/кг) мефурӯшанд.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта имсол дар Русия пиёзи барвақтӣ 1,5 маротиба қиматтар аст. Дар ҳамин ҳол, аксарият оянда дар бозор поинравии нархи онро интизорӣ надоранд.

Ин замон дар Тоҷикистон...

Айни замон дар Тоҷикистон камбуди пиёз ба мушҳида намерасад, лекин нархҳо ба он аллакай боло рафтаанд. Имрӯз як килои он беш аз 3 сомонӣ (ҳамин давраи соли гузашта - 1-1,2 сомонӣ) нарх дорад.

Акс аз бойгонӣ
Сурат: Asia-Plus

Кишоварзон мегӯянд, бо назардошти хароҷот, пиёзашонро хеле арзон мефурӯшанд. Дигарон эътироф мекунанд, ки дар Русия фурӯхтани пиёз бештар фоидаовар аст, чунки айни замон он ҷо норасоии он ба назар мерасад.

Дар заминҳои кишти ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон қатораҳои зиёди автомашинаҳои бузургҳаҷм (фура)-ро дидан мумкин аст, ки пиёзро нахуст ба Хуҷанд ва сипас ба бозорҳои Қазоқистону Русия мебаранд.

Шояд пиёз боз гаронтар шавад...

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, имсол пизё дар майдони 16 ҳазору 438 гектар кишт шуда, аз ҳосили зиёда аз 600 ҳазор тоннаи он интизорӣ меравад.

Деҳқонон изҳор мекунанд, ки обуҳавои имсола ба онҳо имкон надод, ки ҳосили баланди пиёз гиранд. Саид Собиров аз шаҳри Турсунзода мегӯяд, жолаи баҳори имсола ба ҳосил зарар расонидааст.

- Ман дар ним гектар пиёз кишт карда, 20 тонна ҳосил гирифтам. Чанде пеш бо нархи 2 сомониву 40 дирам онро ба яклухтхаридорон фурӯхтам. Дар нақша гирифта будам, ки наздики 40 тонна ҳосил мегирам, лекин жола ба ҳосил таъсири манфӣ расонид.

Бино ба гуфтаи ӯ, ӯ пиёзро моҳи августи соли2018 кишт карда, давоми 10 моҳ ҳамаи хароҷоти ӯ 25 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Сурат: Asia-Plus

“Дар натиҷа ба ивази заҳмати 10-моҳа ҳамагӣ бештар аз 15 ҳазор сомонӣ фоида ба даст овардам, ки хеле кам аст”, - чунин мешуморад кишоварз.

Дар замини кишти холишуда ӯ бодиринг шинонида, ҳосили дуюмро итизор аст, то ки даромади зарурӣ ба даст оварда, барои худ трактор харад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.