Дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) сохтмони маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ идома дорад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, маҷмаа бо дарназардошти талабот ба ҷойҳои нави истироҳату табобат дар мавзеъи хеле хушбоду ҳавои соҳили “Баҳри Тоҷик” қомат афрохта, аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

“Чуноне зимни шиносоии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, дар ҳудуди маҷмаа барои фароғати истироҳаткунандагон ҳавзи шиноварӣ ва дигар шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Айни замон беш аз 300 нафар ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардида, ҷиҳати ба итмом расонидани сохтмони ошёнаи панҷум корҳо идома дорад”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, раиси вилоят бунёди маҷмааи наву замонавиро ҷиҳати ҷалби бештари гардишгарон ва муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, ба масъулини соҳаи сохтмон дастур дод, ки барои дар муҳлати пешбинишуда ба истифода додани иншоот тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар соҳили обанбори Қайроққум дар шаҳри Гулистон айни замон якчанд минтақаҳои истироҳату сайёҳӣ амал мекунанд, ки бештар маъруфашон осоишгоҳи “Баҳористон” шуморида мешавад.

Осоишгоҳи “Баҳористон” бо супориши президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикитсон сохта шуд. Феълан натанҳо барои тоҷикистониён, балки шаҳрвандони хориҷӣ низ макони писандидаи истироҳату табобат аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.