Бонки осиёгии рушд (БОР) барои арзёбии имконоти рушди долони иқтисодӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар ҳаҷми 800 ҳазор доллар кумаки техникӣ пешниҳод мекунад.

Ташаббуси таъсиси долони нави иқтисодӣ байни шаҳрҳои Чимкенту Тошканд ва Хуҷанд ва вилоятҳои ҳамшафат ба густариши ҷараёни додугирифт ва  ҳамгиройии иқтисодӣ дар минтақа мусоидат мекунад, гуфта мешавад дар иттилоияи расмии нашркардаи Бонки осиёгии рушд.

Қайд мешавад, ки шаҳрҳои Чимкент, Тошканд ва Хуҷанд ва вилоятҳои ҳамшафати Туркистон, Тошканд ва Суғд ба сифати долони имконпазири иқтисодӣ дар доираи барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) баррасӣ мешаванд.

“Се шаҳр ва вилоятҳои ҳамшафат дар дастрасии осон барои ҳамдигар қарор доранд. Дар онҳо аҳолии зиёд - тақрибан 15% аз шумори умумии аҳолии минтақа дар вилоятҳои Туркистон, Тошканд ва Суғд зиндагӣ карда, ҳамчунин онҳо аз лиҳози стратегӣ бо бозорҳои байнулмилалӣ пайвастанд”, - омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунин таъкид мешавад, ки ин се шаҳр ва вилоятҳои ҳамшафат аз нигоҳи иқтисодӣ, бахусус дар бахши кишоварзиву маҳсулоти хӯрокворӣ якдигарро мукаммал сохта, ғайр аз ин, байни онҳо табодули осони фаромарзии қувваи корӣ вуҷуд дорад.

Гуфта мешавад, амалисозии лоиҳа дар муддати се сол пешбинӣ гардида, дар посух ба дархости кишварҳои узви барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) оид ба омӯзиши рушди долони нави иқтисодӣ баҳри муҳайё сохтани имконот барои рушди тиҷорат ва афзоиши ҷойҳои корӣ таҳия шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.