Бонкии миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро 1,5 банди фоизӣ паст намуда, дар сатҳи 13,5 фоизи солона муқаррар кард.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, меъёри фоизи муқарраркардашуда аз мавқеи воқеии сиёсати пулию қарзӣ (RMCI) бо назардошти намоя (индекс)-и қурби воқеӣ ва меъёри фоизи воқеӣ дар сатҳи каме пасттар қарор мегирад.

Таъкид мешавад, ки меъёри бозтамвил фишанги калидии танзими амалиётҳои сиёсати пулию қарзӣ маҳсуб ёфта, дар асоси таҳлилҳои ҳамаҷонибаи нишондиҳандаҳои мақсаднок, хавфҳои эҳтимолии пешбинишаванда ва мавқеи сиёсати пулию қарзӣ муқаррар мегардад.

Қобили зикр аст, ки ахиран меъёри бозтамвил дар Тоҷикистон моҳи январи соли 2018 тағйир ёфта, аз 16% то 14,75% поин рафта буд.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ меъёри бозтамвил меъёри фоизие шуморида мешавад, ки бар асоси он бонки марказии кишвар ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз дода, онҳо дар навбати худ, барои соҳибкорӣ ё дигар эҳтиёҷоти шахсӣ ба аҳолӣ қарз медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.