Корпоратсияи байнулмилалии исломӣ оид ба маблағгузорӣ ба савдо (ITFC) ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 150 млн. доллар қарз медиҳад. Лоиҳаи дахлдори созишномаи қолабиро аввали моҳи май ҳукумати Тоҷикистон маъқул шуморидааст.

Қарзи мазкури имтиёзнокро Тоҷикистон пас аз имзо ва тасдиқи созишнома дар парлумон дар муддати се сол (ҳамасола 50 мл. долларӣ) дастрас мекунад.

Дар назар аст, ки ин воситаҳо ба маблағгузории воридоти маҳсулот, корҳои пеш аз содироти маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини маблағгузорӣ ба ҳукумат ва сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои қарзӣ баҳри додани қарз ба бахши хусусӣ, маблағгузории мустақими ширкатҳои хусусии ҷудогона барои воридоти маҳсулоти ниёзи навбати аввал ва ҳамчунин маблағгузории лоиҳаҳо оид ба кумаки техникӣ равона карда мешаванд.

Ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ дастур дода шудааст, ки созишномаи мазкурро аз номи ҳукумат ба имзо расонида, дар сурати зарурат ба матни лоиҳа тағйироту иловаҳое, ки хусусияти усулӣ надоранд, ворид намояд.

Мувофиқаи санад бо ITFC ва таъини санаву ҷойи имзои созишнома бо тартиби муқарраршуда ба дӯши Вазорати корҳои хориҷии кишвар вогузор шудааст.

Корпоратсияи байнулмилалии исломии савдо ва молия (ITFC) ташкилоти мухтор дар ҳайати Бонки исломии рушд мебошад. Корпоратсия баҳри пешбурд ва рушди савдо бо мақсади беҳбуди шароитҳои иқтисодӣ ва афзоиши сатҳи даромади аҳолии кишварҳои исломӣ таъсис дода шудааст. ITFC ба фаъолияти худ аз моҳи январи соли 2008 оғоз бахшида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.