Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе директори генералии ширкати сохтмонии ҶДММ “Союз-Сохтмон” М. Додохоновро барои тақаллубкорӣ ба 11 соли зиндон маҳкум намуд.

“Додохонов, аз соли 2017, бо ваъдаи бунёди хона дар маҳаллаи 83-и Душанбе аз 11 шаҳрванд 147 ҳазору 225 доллар ва 167 ҳазору 883 сомонӣ маблағ ситонидааст”,-хабар доданд аз маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ.

Гуфта мешавад, ки ӯ ба ваъдаи додааш вафо накарда, маблағҳои бо роҳи фиреб аз сокинон гирифтаашро бо мақсадҳои шахсӣ истифода бурдааст.

Бо қарори суд ӯ ба 11 соли зиндон маҳкум карда шуд. Дар ҳамин ҳол, Додохонов маблағи гирифтаашро баргардонидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.