Дар шаҳри Турсунзода шуъбаи бемориҳои сироятӣ (инфескионӣ)-и Беморхонаи марказии шаҳр аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Таъмир ва бо таҷҳизот таъмин намудани шуъба аз ҳисоби Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) бо дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон амалӣ шуд.

Дар ҷараёни амалисозии лоиҳа ошёнаи сеюми бемористон таъмиру таҷдид шуда, ин ҷо барои 33 кат шуъбаи кӯдаконаи бемориҳои сироятӣ боз шуд. Дар ин шуъба ба ҷуз палатаҳо барои беморон, палатаҳои эҳёгарии фаъол, ёрии таъҷилӣ, ҳуҷраҳои табибону ҳамшираҳои шафқат низ ба истифода додаь шуданд.

Дар корҳои таъмиру таҷдиди беморхона ҳамаи маводу масолеҳи хушсифат истифода шуда, қисмати асосии таҷҳизот аз Туркия оварда шуд.

1/9

Дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Насим Олимзода Хоҷа, сафири Туркия дар Тоҷикистон Али Рифат Кёксал ва муовини раиси ТИКА Мехмет Сюррей Эр ҳузур доштанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.